Интизорот аз бонкдорӣ бидуни баҳра дар Тоҷикистон
Мудирияти Бонки исломии “Соҳибкорбонк” дар Тоҷикистон, ки нахустин ниҳоди молӣ бар асоси бонкдории исломӣ хоҳад буд, эълом кардааст, ки пас аз як сол мардум метавонанд аз ин марказ қарзҳои бидуни суд “протсент” дарёфт намоянд.
Ба гузориши сомонаи “Топ Тҷ”, масъулони Бонки миллии Тоҷикистон низ умедворанд, ки бо оғози фаъолияти нахустин бонки исломӣ дар ин кишвар, битавонанд эътимоди аз даст рафтаи мардумро ба низоми бонкии ин ҷумҳурӣ дубора ҷалб кунанд.
Дар Тоҷикистон чаҳор сол қабл Қонун дар бораи фаъолияти бонки исломӣ дар Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расид, аммо буҳрони молии чаҳорсола ва варшикаст шудани теъдоде аз бонкҳои ин ҷумҳурӣ, монеи иҷроӣ шудани ин тарҳ гардид.
Дар ҳоли ҳозир бо ҳамкории Ширкати исломии рушди бахши хусусӣ (ICD), заминаи фаъолияти нахустин бонк, ки бидуни суд ба муштариён қарз пардохт хоҳад кард, фароҳам мешавад.
Ҳамчунин бо ҷазби сармояи сандуқҳои молии кишварҳои арабӣ, заминаи пасандозкунии мардуми Тоҷикистон фароҳам хоҳад шуд.
Теъдоди зиёде аз шаҳрвандони Тоҷикистон мӯътақиданд, фаъолияти бонкҳои давлатӣ ва тиҷории ин кишвар ба далели дарёфти суд, мухолифи шариати Ислом аст.
Бар асоси ин гузориш, дар Тоҷикистон аксари мардум танҳо музорибаро, ки ду тараф дар суду зиёни муомилоти молӣ шарик бошанд, ҳалол медонанд ва ҳар навъ дарсадеро, ки ҳангоми дарёфти вом муқаррар мегардад, ҳаром медонанд ва ба ҳамин сабаб пулҳои худро дар бонкҳо нигоҳ намедоранд.
Меҳрубон Бурҳонов иқтисоддон итоҷик, ки дар чанд бонки исломии кишварҳои дигар низ фаъолият кардааст, мегӯяд, дар низоми бонкдории исломӣ, суд ва зиёни муштарӣ ва ниҳоди молӣ байни тарафҳо қисмат мешавад ва бояд барои чӣ тарҳҳое ҳазина шудани супурдагузориҳои мардум мушаххас гардад.
Ба гуфтаи Бурҳонов, мавзӯи муҳимм ин аст, ки ҳазина кардани манобеи молӣ аз ихтиёроти Бонки исломӣ хоҳад буд ва ё муштарӣ дар чӣ бахш харҷ шудани супурдаҳои худро таъйин хоҳад кард.