Баррасии натиҷаҳои ҷаласаи 23 - юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ
(last modified Tue, 24 Apr 2018 13:56:14 GMT )
Апрел 24, 2018 18:56 Asia/Dushanbe

Дар нишасти 28 - уми Шӯрои намояндагони доими давлатҳои узви Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО) дар шаҳри Теҳрон натиҷаҳо ва дастовардҳои ҷаласаи 23 - юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲИ мавриди арзёбӣ қарор гирифт.

Дар ин ҷаласа, ки бо раёсати Неъматулло Эмомзода - Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон ва раиси давраии Шӯрои намояндагони доими давлатҳои узви Муассисаи фарҳангии СҲИ баргузор шуд, намояндагони 4 кишвари асосии муассиса - Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон ширкат доштанд.  

Эмомзода дар Теҳрон афзуд: Дар рӯзномаи Иҷлосия мавзӯъҳои раванди татбиқи созишномаҳои СҲИ, ки миёни кишварҳои аъзо ба имзо расидаанд, муносибатҳои котиботи СҲИ бо созмонҳои байналмилалӣ, ҳолати иҷрои барномаҳо ва лоиҳаҳои СҲИ, фаъолияти муассисаҳо ва ниҳодҳои СҲИ, пешрафт ва арзёбии иҷрои ҳадафу вазифаҳое, ки аз санади «Диди СҲИ 2025», бармеоянд, қабули Барномаи нави СҲИ оид ба мусоидат ба Афғонистон, инчунин масъалаҳои маъмурӣ ва молиявии Созмонро дарбар мегирад баррасӣ гардиданд.

Дар ин росто таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт ва комуникатсия аҳамияти махсус зоҳир менамояд.

Ҳамчунин, масъалаҳои баҳрабардорӣ аз захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон ба хотири қонеъ намудани талаботи афзоишёбанда ба энергияи электрикӣ дар минтақа ва истифодаи зарфиятҳои бузурги рушди туризм дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Тоҷикистон бар нафъи кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Дар интиҳои иҷлосия санади ниҳоӣ — Эъломияи Душанбе қабул шуд, ки дар он ба зарурати таҳкиму тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт, энергетика, сайёҳӣ, рушди иқтисодӣ ва маҳсулнокӣ, рифоҳи иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист, ки аз барномаи «Диди СҲИ 2025» бармеоянд, таъкид гардид.  

 Дар нишасти мазкур дар бораи фаъолиятҳои соли гузашта ва ояндаи Муассисаи фарҳангии СҲИ, замони баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сарпарастони ЭКО (ВоТ), ки дар назар аст Покистон мизбони он бошад ва дигар масъалаҳо баҳсу табодули назар сурат гирифт.