Апрел 25, 2018 11:38 Asia/Dushanbe
  • Ҷузъиёти бозгашти кӯдаки тоҷик аз Ироқ

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи бозгардондани кӯдаки тоҷик аз Ироқ тавзеҳе надодаанд.

Ба гузориши манобеи хабарии Тоҷикистон, Марям Шоева, духтари хурдсоли тоҷик аз Ироқ ба Тоҷикистон бозгардонда шуд.

Ҳавопаймои ҳомили ин кӯдак, ки волидайнаш дар дар гириҳои Ироқ кушта шудаанд, соати чаҳори субҳи имрӯз дар фурудгоҳи Душанбе, фуруд омад ва мақомоти ҳукуматӣ вайро ба бобояш таҳвил доданд.

Муҳаммадраҳим Шоев, бобои Марям бо баёни ин ки наберааш пас аз чанд моҳ саргардонӣ ва хастагӣ ниёз ба истироҳат дорад, аз мақомоти тоҷик ва Созмони Салиби Сурхи ҷаҳонӣ бобати бозгардондани Марям, сипосгузорӣ кард.

Падар ва модари Марям, ӯ ва дигар аъзои хонаводаи худро дар соли 2016 ба Ироқ бурда буданд, ки баъдан ба ҷуз Марям, ҳамагӣ кушта шуданд.

Марям соли гузашта ба думболи шикасти гурӯҳи террористи ДИИШ дар Мусили Ироқ пайдо шуд ва то замони бозгашт, дар яке аз марокизи нигаҳдории бозмондагони ҷанг, дар шаҳри Бағдод басар мебурд.

Мақомоти тоҷик борҳо эълом кардаанд, беш аз ҳазор нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар ҷангҳои Ироқ ва Сурия ширкат карда ва 300 нафар аз онҳо кушта шудаанд.