Апрел 25, 2018 13:45 Asia/Dushanbe
  • Ҷавонони ихтироъкори тоҷик аз Малайзия 13 медали тилло оварданд

Ихтирокорони ҷавони тоҷик муваффақ ба касби 34 медал аз ҳафтумин олимпиадаи байналмиллалии ҷавонони ихтироъкор дар шаҳри Кедахи Малайзия (Malaysian International Young Inventors Olympiad (MIYIO 2018)) шуданд.

Ба гузориши сайти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ихтироъкорони ҷавони тоҷик дар олимпиадаи байналмиллаӣ соҳиби 13 медали тилло шуданд.

Донишомӯзони сафарбаршуда аз  Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони лаёқатманди Тоҷикистон, Мактаби байналмилалии президентии шаҳри Душанбе, литсейи кӯдакони болаёқати шаҳри Хуҷанд, мактаби хусусии ба номи Абдураҳмони Ҷомии шаҳри Душанбе ва литсейҳо барои кӯдакони болаёқати шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода интихоб шуда буданд.

Хонандагони Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мактаби хусусии ба номи Абдураҳмони Ҷомии шаҳри Душанбе 4 медали тилло ба даст оварданд. Хонандагони литсей барои кӯдакони болаёқати шаҳри Хуҷанд соҳиби се медали тилло ва хонандагони Мактаби байналмилалии президентӣ ду медали тилло ба даст оварданд.

Ҳамчунин хонандагони Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби мукофоти махсуси ҳайати доварони олимпиада гаштанд.

Ин олимпиада ҳафтаи гузашта дар шаҳри Кедахи Малайзия баргузор шуд.