Апрел 26, 2018 09:23 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди баргузории давраҳои омӯзиши забони русӣ барои коргарони муҳоҷир

Русия барои муҳоҷирон давраҳои омӯзиши ройгони забони русӣ роҳандозӣ мекунад.

Ба иттилои Спутник, дар Русия бояд давраҳои ройгони забони русӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил шавад, гуфт муовини сардори Раёсат оид ба масоили муҳоҷирати ВКД ФР Валентина Казакова.

"Агар мо хоҳем, ки шаҳрванди хориҷӣ дар кишварамон монад, пас бояд омӯзиш барояшон ройгон бошад", — гуфт ӯ дар рафти ҷаласаи кумитаи Шӯрои федератсия оид ба қонунгузории конститутсионӣ ва сохтмони давлатӣ.

Пештар ҳангоми муҳокимаи лоиҳаи стратегияи сиёсати давлатӣ, Валентина Казакова пешниҳод кард, ки ба он зарурати омӯзиши забони русӣ ба муҳоҷирон то омадани онҳо ба Русия, дарҷ гардад ва ҳамчунин ба истиқомати муҳоҷирон дар анклавҳояшон ва ба соддагардонии додани иҷозатномаҳо барои зист ва гирифтани шаҳрвандӣ аз ҷониби ҳамватанҳои хориҷии худ, "роҳ дода нашвад".

Дар байни мушкилоте, ки ба кори самаранок ва истиқомати осоиштаи муҳоҷирон дар Русия монеъа мешаванд, коршиносон ҳадди зиёди бюрократияро аз ҷониби мансабдорон қайд мекунанд. Ҳамчунин онҳо бесаводии ҳуқуқии худи хориҷиёнро, ки талош мекунанд асноди лозимаро роҳат харанд, агар онҳоро расман ва саривақт гирифта натавонанд, қайд менамоянд.

"Мо як тести оддии забони русӣ дорем, аммо онро тақрибан 17-18%-и мардум супорида наметавонанд. Масалан, муҳоҷир дар назди мо имтиҳон супурда наметавонад, вале худи ҳамон рӯз шаҳодатномаи қалбакиии "намунаи давлатӣ"-ро аз кадом як донишгоҳ меорад, баъзан ҳатто на аз ягон донишгоҳи маскавӣ, балки аз питерӣ меорад", — нақл карда буд қаблан директори маркази бисёрҷанбаи муҳоҷиратии "Сахарово" Николай Федосеев.

Қобили аст, ки таи солҳои охир дар ҳавзаи қонунии Русия ҳамзамон чанд қонуне қабул шуданд, ки моҳияти онҳо ба раванди соддагардонии гирифтани шаҳрвандии русиягӣ барои хориҷиён, нигаронида шуда буд.

Ин на танҳо ба шаҳрвандони хориҷие, ки метавонанд ба иқтисодиёти давлат муфид бошанд, балки пеш аз ҳама, ба онҳое рабт дорад, ки забони русиро роҳат медонанду ба таърихи гузаштаи Русия алоқаманданд.