Апрел 26, 2018 11:17 Asia/Dushanbe
  • Қатъи парвозҳои Узбакистон-Тоҷикистон дар дастури кор

Ширкати ҳавопаймои Узбакистон эълом кардааст, ба иллати набуди мусофир мавзуи қатъи парвозҳои ҳафтаии худ ба шаҳри Душанберо дар дастури кор қарор додааст.

Ба нақл аз Тоҷикта, Ориф Рӯзимуродов, намояндаи ширкати ҳавопаймоии Узбакистон дар Душанбе, иллати қатъи парвозҳои ҳафтаии ин ширкатро камбуди мусофир ва аз нигоҳи иқтисодӣ ба сарфа набудани ҳаракат дар ин масир эълом кардааст.

Вай таъкид кардааст, ҷудо аз камбуди мусофир дар масири Тошканд ба Душанбе, қиммати хадамот дар Фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахти Тоҷикистон аз ибтидои соли 2018, 20 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи вай, ин афзоиш ба зиёни ширкати ҳавопаймои Узбакистон тамом мешавад.