Афзоиши нигарониҳо аз рушди бемории саратон дар шимоли Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i33292-Афзоиши_нигарониҳо_аз_рушди_бемории_саратон_дар_шимоли_Тоҷикистон
Пизишкон дар шимоли Тоҷикистон бо ибрози нигаронӣ аз рушди бесобиқаи бемории саратон хостори муоинаи ройгони афрод барои ҷилавгирӣ аз ин беморӣ шудаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 27, 2018 15:43 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши нигарониҳо аз рушди бемории саратон дар шимоли Тоҷикистон

Пизишкон дар шимоли Тоҷикистон бо ибрози нигаронӣ аз рушди бесобиқаи бемории саратон хостори муоинаи ройгони афрод барои ҷилавгирӣ аз ин беморӣ шудаанд.

Тилав Расулзода рӯзноманигори тоҷик зимни дарҷи мақолаи такондиҳандае дар сомонаи интернетии Фарғона перомуни афзоиши бемории саратон дар шимоли Тоҷикистон, аз қавли пизишкон ёдовар шудааст, ки дар аксари мавридҳо ташхиси ба мавқеъ ва дақиқи мароҳили аввалияи ин беморӣ дар афрод сурат намегирад.

Дар ҳамин ҳол тибқи эъломи Маркази дармони саратон ҳамасола аз 400 то 500 нафар дар шимоли Тоҷикистон бар асари мубтало шудан ба анвои саратон фавт мешаванд.

Ин дар ҳоле аст, ки мизони ибтилои афрод ба ин беморӣ дар шимоли Тоҷикистон рӯ ба афзоиш аст, ба гунае ки соли гузаштаи 2017 дар муқоиса бо соли 2016 омори беморони саратон 37 дарсад рушдро нишон медиҳад.

Профессор Бахтиёр Аҳмадов, пизишки тоҷик далелҳои аслии рушди саратон дар шимоли Тоҷикистонро боло будани мизони олудагиҳои ҳастаӣ, ғизои носолим ва олудагии муҳити кишоварзон бо кудҳои химиёвӣ унвон кардааст.