Маҳфили фарҳангии муаррифии Тоҷикистон дар Чехия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i33382-Маҳфили_фарҳангии_муаррифии_Тоҷикистон_дар_Чехия
Ба ибтикори донишҷуёни тоҷики донишгоҳҳои Чехия, маҳфили муаррифии таърих, фарҳанг, ҳунар ва ҷозибаҳои гардишгарии Тоҷикистон дар шаҳри Прага маркази Чехия баргузор шуд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Апрел 29, 2018 11:29 Asia/Dushanbe
  • Маҳфили фарҳангии муаррифии Тоҷикистон дар Чехия

Ба ибтикори донишҷуёни тоҷики донишгоҳҳои Чехия, маҳфили муаррифии таърих, фарҳанг, ҳунар ва ҷозибаҳои гардишгарии Тоҷикистон дар шаҳри Прага маркази Чехия баргузор шуд.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, дар ин маҳфил роҷеъ ба таърих ва мавқеияти ҷуғрофиёӣ, ҷойгоҳи Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, фарҳанг ва ҳунар, ғизоҳои миллӣ, одобу русум ва ҷозибаҳои гардишгарии он иттилооте ба ширкаткунандагон ироа шуд.

Дар ҷараёни баргузории ин маҳфили фарҳангӣ мушаххас шуд, мардуми Чехия ба ғайр аз чанд қуллаи дорои баландии ҳафтҳазорметрӣ дар кӯҳҳои Бадахшон, маълумоти зиёде аз Тоҷикистон надоранд.

Ҳамасола теъдоде аз кӯҳанавардони Чехия барои фатҳи қулаҳои Исмоили Сомонӣ ва Истиқлол ба Тоҷикистон сафар мекунанд, ки натоиҷи ин сафарҳо дар матбуоти ин кишвар мунташир мешавад.

Аз ин рӯ баргузории маросими муаррифии Тоҷикистон бароии мардуми Чехия аз сӯи донишҷуёни тоҷики донишгоҳҳои ин кишвар дар соли рушди гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон (2018) бисёр муҳим аст.