Афзоиш қонуншиканӣ дар мавзӯи замин дар Хатлон
Мақомоти Кумитаи замини вилояти Хатлон дар се моҳи аввали сол 2018, як ҳазору 754 мавриди нақзи қонун дар иртибот бо мавзӯи замин шиносоӣ кардаанд.
Раҳимзода Сафар муовини раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон гуфтааст, тибқи омори бадастомада теъдоди мавридҳои қонуншиканӣ нисбат ба давраи мушобеҳи соли қабл, 143 маврид афзоиш ёфтааст.
Ба гуфта вай, ҳамчунин 154 парванда барои ашхоси гумонбар дар иртибот бо қонуншиканӣ ва сохтакорӣ дар мавзӯи замин, ба додгоҳ ирсол шудааст.
Тибқи омори мунташиршуда дар се моҳи аввали соли ҷорӣ, ба дархости кумитаҳои идораҳои замини шаҳру ноҳияҳо, панҷ қарордоди ғайриқонунии раисони шаҳр ва ноҳияҳо фош ва сипас барои бекор кардани ин қарордодҳо, ба мақомоти иҷроии давлатии шаҳру ноҳияҳо ирсол шуд.
Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2017 дар вилояти Хатлон пас аз баррасиҳои додситонӣ, барои 1309 нафар парвандаи додгоҳӣ ташкил шуда буд.