Апрел 30, 2018 10:27 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ифшои дуздии осори илмӣ дар Тоҷикистон

Пойгоҳи байналмилалии мубориза бо дуздӣ ва тақаллуби осори илмӣ (Диссернет) бо интишори номи ду тоҷики дигар, ононро ба истифодаи бидуни истинод аз китобҳои донишмандони рус ва тоҷик ҳангоми навиштани рисолаи доктороии хеш муттаҳам кардааст.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, ду фарде, ки пойгоҳи “Диссернет” онҳоро ба дуздии илмӣ муттаҳам карда, муовини раиси Донишгоҳи миллӣ ва як устоди Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон ҳастанд.

Бар асоси ин гузориш, нуктаи ҷолиб дар ин моҷаро он аст, ки устоди риштаи кишоварзӣ рисолаи доктороии хешро тамоман аз китоби пажӯҳишгари рус рӯбардор кардааст, дар ҳоле, ки қабл аз ӯ низ ду донишманди дигари тоҷик ба дуздии илмии аз осори ҳамон пажӯҳишгар муттаҳам шуда буданд.

Ҳамчунин муовини раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба дуздии илмӣ ҳангоми навиштани рисолаи доктороии хеш, бо истифодаи бидуни истинод аз китобҳои ду донишманди рус ва як донишманди тоҷик муттаҳам шудааст.

Ба ин тартиб теъдоди шахсиятҳои сиёсӣ ва илмии тоҷик, ки пойгоҳи “Диссернет” онҳоро ба дуздии илмӣ муттаҳам кардааст ба 29 нафар расид.

Ба навиштаи сомонаи “Ахбор”, ифшогарии ин мавзӯъ мӯҷиб шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти ҳайати давлати ин кишвар, мавзӯи даст ба дуздии илмӣ задани донишмандон ва теъдоде аз мақомоти аршаид ҳукуматиро ҳангоми навиштани рисолаҳои докторӣ, ба шиддат мавриди интиқод қарор диҳад.

Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон, ки номи худро эълом накарда, мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ба ин мақомот гуфтааст, вақте тавони навиштани рисолаи докториро надоред, чӣ лузуме дорад, ки талош мекунед ба дараҷаҳои илмии боло бирасед?

Ба гуфтаи ин манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ин падидаро “шармандагӣ барои Тоҷикистон” хондааст.