Бозгашти тоҷикҳо аз манотиқи даргирӣ, меҳвари гуфтугӯи сафир дар Бағдод
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i33434-Бозгашти_тоҷикҳо_аз_манотиқи_даргирӣ_меҳвари_гуфтугӯи_сафир_дар_Бағдод
Мавзӯи бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз манотиқи ҷангии Ховари  Миёна дар Бағдод, мавриди баҳс қарор гирифт.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Апрел 30, 2018 11:35 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти тоҷикҳо аз манотиқи даргирӣ, меҳвари гуфтугӯи сафир дар Бағдод

Мавзӯи бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз манотиқи ҷангии Ховари  Миёна дар Бағдод, мавриди баҳс қарор гирифт.

Ба гузориши дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Зубайдулло Зубайдов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувайт ва Иброҳим Ҷаъфарӣ, вазири умури хориҷаи ҷумҳурии Ироқ дар дидоре дар Бағдод пойтахти Ироқ, мавзӯи бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистонро аз манотиқи ҷангии Ховари Миёна, баррасӣ карданд.

Ҳамчунин дар ин дидор масоили марбут ба тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф бавижа дар амри мубориза бо терроризм ва ​​офротгароӣ, бо таваҷҷуҳ ба таҷриба густурдаи тарафи ироқӣ дар ин замина, гуфтугӯ шуд.

Мубодилаи дидгоҳҳо дар бораи масоили мавриди алоқаи мутақобил, вазъияти дар Ховари Миёна ва Афғонистон ва масоили марбут ба мушорикати намояндагони Ироқ дар конфронсҳои байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе-пойтахти Тоҷикистон, аз ҷумлаи мавзӯоти дигар буд, ки дар ин дидор мавриди баҳс қарор гирифт.

25 апрели имсол чаҳор кӯдаки тоҷик аз Ироқ ба Тоҷикистон бозгардонда шуданд.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз ниҳодҳои масъул дар Ироқ, кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва ЮНИСЕФ барои кумак ба бозгашти кӯдакони тоҷик, қадрдонӣ кардааст.