Даъвати Тоҷикистон аз Эрон барои ширкат дар Иҷлоси байналмилалии об
(last modified Mon, 30 Apr 2018 14:42:11 GMT )
Апрел 30, 2018 19:42 Asia/Dushanbe
  • Даъвати Тоҷикистон аз Эрон барои ширкат дар Иҷлоси байналмилалии об

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон, аз вазири нерӯи Эрон барои ширкат дар Иҷлоси байналмилалии об дар кишвараш даъват кард.  

Ба нақл аз хабаргузории садо ва симо, Неъматуллоҳ Эмомзода, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон дар дидор бо Ризо Ардакониён, вазири нерӯи Эрон гуфт: Бо таваҷҷуҳ ба нақши муҳими ҷумҳурии исломии Эрон, вазири хориҷаи Тоҷикистон аз вазири нерӯи Эрон барои ширкат дар Иҷлоси байналмилалии даҳаи об даъват кардааст.  

Иҷлоси байналмилалии даҳаи об 20 июни 2018 ба мизбонии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.