Ифшои боз як дуздии илмии дигар
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i33472-Ифшои_боз_як_дуздии_илмии_дигар
Раиси Шӯрои мудирони ширкати арзизи Тоҷикистон низ ба дуздии илмӣ муттаҳам шуд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Май 01, 2018 09:15 Asia/Dushanbe
  • Ифшои боз як дуздии илмии дигар

Раиси Шӯрои мудирони ширкати арзизи Тоҷикистон низ ба дуздии илмӣ муттаҳам шуд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, дар идомаи ифшосозии раванди истифодаи бидуни истиноди шахсиятҳои тоҷик аз осори илмӣ ҳангоми навиштани рисолаи илмӣ ин бор пойгоҳи байналмилалии мубориза бо сирқату тақаллуби осори илмӣ (“Диссернет”) раиси Шӯрои мудирони Ширкати арзизи Тоҷикистонро ба сирқати илмӣ муттаҳам кардааст. Бар асоси ин гузориш, раиси Шӯрои мудирони Ширкати арзизи Тоҷикистон рисолаи илмии хешро аз китобҳои шаш донишманди рус нусхабардорӣ карда ва танҳо таркиби "Ширкати барқи Русия"-ро ба "Ширкати арзизи Тоҷикистон" тағйир додааст. Ба ин тартиб теъдоди шахсиятҳои сиёсӣ ва илмии тоҷик, ки пойгоҳи “Диссернет” онҳоро ба сирқати илмӣ муттаҳам кардааст, ба 30 нафар расид.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории “Фарғона” дар мусоҳиба бо Андрей Растовтсов, яке аз масъулони пойгоҳи байналамллии “Диссернет” таъкид кардааст, ки ҳазинаи навиштан ва дифои рисолаҳои илмӣ дар Тоҷикистон аз панҷ то 15 ҳазор доллар аст. Ин донишманди рус муддаӣ шудааст, ки аксар аз мақомоти аршади Ҳукумати Тоҷикистон, ки акнун ба сирқат ва тақаллуби осори илмӣ муттаҳам мебошанд, рисолаҳои илмии худро нанавиштаанд ва афроди дигаре ба ҷойи онон ин корро анҷом додаанд.

Ба навиштаи сомонаи “Ахбор”, ифшогарии ин мавзӯъ мӯҷиб шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти ҳайати давлати ин кишвар мавзӯи даст ба сирқати илмӣ задани донишмандон ва теъдоде аз мақомоти аршади ҳукуматиро ҳангоми навиштани рисолаҳои илмӣ ба шиддат мавриди интиқод қарор диҳад. Ба гуфтаи ин манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ин падидаро "шармандагӣ барои Тоҷикистон" хондааст.