Май 01, 2018 09:57 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти зиндон барои муовини имомхатиби масҷиде дар Хуҷанд

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд муовини имомхатиби масҷиди "Ихлос"-и ин шаҳрро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнӯъшудаи “Ихвонулмуслимин” дар Тоҷикистон ба панҷ соли зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши сойти “TopTJ”, ин додгоҳ Шукруллоҳхон Аҳроровро ба иттиҳоми шомил шудан ба гурӯҳи “Ихвонулмуслимин” ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳи Алазҳари Миср ба панҷ соли зиндон маҳкум кард.

Некрӯз Маъмурзода, додраси додгоҳи шаҳри Хуҷанд гуфтааст, Шукруллоҳхон Аҳророви 39-сола аз соли 2003 то 2010 дар Донишгоҳи Алазҳари Миср донишҷӯ буда ва ба гурӯҳи “Ихвонулмуслимин”, ки фаъолияти он аз соли 2006 дар Тоҷикистон мамнӯъ мебошад, пайвастааст. Ӯ таъкид кардааст, ки ҳангоми бозрасӣ аз хонаи Аҳроров адабиёти таблиғотии зиёде дар бораи аҳдофи гурӯҳи “Ихвонулмуслимин” кашф шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар солҳои 2016 ва 2017 додгоҳи вилояти Суғд 20 имомхатиби масҷидҳои ин минтақаро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнӯи “Ихвонулмуслимин” ба муддатҳои мухталиф ба зиндон маҳкум карда буд.

Мақомоти додгоҳҳои вилояти Суғд эълом карда буданд, ки аксари ин афрод донишомӯхтагони Донишгоҳи Алазҳари Миср ва Донишгоҳи шаҳри Мадина ҳастанд, ки ба гурӯҳи мамнӯъшудаи “Ихвонулмуслимин” пайвастаанд. Гурӯҳи “Ихвонулмуслимин” дар Тоҷикистон гурӯҳи ифротӣ эълом шуда, ки дар пайи барандозии низоми сиёсӣ дар ин кишвар аст ва аз соли 2006 бар асоси ҳукми Додгоҳи Олии Тоҷикистон фаъолияти он мамнӯъ шудааст.