Май 01, 2018 16:36 Asia/Dushanbe
  • Далели қасди худкушии зани тоҷик дар Русия чист?

Бастагони зани тоҷике, ки ба қасди худкушӣ аз табақаи панҷуми як сохтмон дар Маскав худро парт кард ва бастагони шавҳари ӯ ҳар як тарафи дигарро муқассири ин моҷаро медонанд.

Ба нақл аз Ахбор, бастагони ин зан гуфтаанд, Фаррух Муҳаммадалиев, шавҳари Дилноза ҳамвора ӯро лату куб мекард то ҷое, ки ӯро дар ниҳоят водор ба худкушӣ кард.

Фаррух Муҳаммадалиев, ки мурабби бокс аст, пеш аз ин ба волидайни ҳамсараш ваъда дода буд, ки дигар ба ӯ озоре нахоҳад расонд.

Ду рӯз аст, ки Дилноза Муҳаммадалиев дар бемористони пойтахти Русия бистарӣ аст ва ҳоли ӯро вахим арзёбӣ кардаанд.

Наздикони Фаррух Муҳаммадалиев гуфтаанд, ки Дилноза аз бемории равонӣ ранҷ мебарад ва ба ҳамин далел қасди ҷони хешро кардааст.