Май 08, 2018 11:23 Asia/Dushanbe
  • Манъи интиқоли пул ба шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон

Интиқол пул аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба шаҳрвандони дигар кишварҳо мамнӯъ шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, бонкҳои Тоҷикистон дастур гирифтаанд, ки интиқоли пул аз шаҳрвандони ин кишвар ба шаҳрвандони хориҷиро мамнӯъ кунанд.

Акнун шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд танҳо ба ҳамватанони худ дар хориҷ маблағ интиқол диҳанд ва ирсоли пул ба атбои ғайритоҷик мамнӯъ шудааст. Бар асоси муқаррароти ҷадид, тоҷикистониҳо метавонанд ба хориҷ ба мизони 87 ҳазору 500 сомонӣ (муодили 10 ҳазор доллар) ба арзҳои хориҷӣ маблағ интиқол диҳанд, аммо гиранда низ бояд гузарномаи тоҷикӣ дошта бошад. Ин маблағ қаблан 28 ҳазор сомонӣ буд. Ҳамчунин дар ин муқаррарот таъкид шудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо дар сурати пайдо кардани афроде, ки дорои гузарномаи шаҳрвандии Русия мебошанд, метавонанд бо истифода аз ин аснод барои атбои хориҷӣ пул ирсол кунанд, ки ин раванд таҳти контроли бонкҳои Русия хоҳад буд. Дар банди дигари ин дастур омадааст, ки интиқоли пул аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар мавридҳое назири обуна шудан ба рӯзномаҳо ва маҷаллоти хориҷӣ, пардохти масрафи дармон, омӯзиш ва нафақа ба хориҷ иҷозат дода шудааст.

Дар вокуниш ба ин дастур Нуруддин Ҳакимов, коршиноси умури бонкӣ дар Тоҷикистон гуфтааст, ин муқаррарот ба манзури ҷилавгирӣ аз интиқоли пул ба аъзои гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ иҷро шудааст, аммо зиёни ин маҳдудият мутаваҷҷеҳи шаҳрвандони оддӣ хоҳад шуд, зеро ҳомиёни гурӯҳҳои террористӣ ба таври ошкор ва аз тариқи бонкҳо маблағ ирсол намекунанд.