Баррасии шикояти Каромат Шарифов аз Вазорати дохилии Тоҷикистон
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, шикояти Каромат Шарифов, раиси Ҷунбиши коргарони муҳоҷири тоҷикистониро алайҳи Вазорати корҳои дохилии ин ҷумҳурӣ, баррасӣ мекунад.
Ба гузориши сомонаи “Топ Тҷ”, вай муддаӣ аст, ҳаргиз тобеияти Тоҷикистонро надошта ва бар асоси асноди тақаллубӣ, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои таъйиди шаҳрвандии ӯ ирсол карда, аз Русия ихроҷ шудааст.
Шарифов мегӯяд, “Додгоҳ бояд дақиқ кунад, ки санад дар бораи гӯиё шаҳрвандӣ доштани ман дар Тоҷикистон то куҷо воқеӣ ва то куҷо тақаллубӣ аст. Ва бар асоси чӣ далеле ин гуна ҳуҷҷат пешниҳод шудааст”.
Ба гуфта вай, Тоҷикистон танҳо зодгоҳи ӯст ва замоне, ки барои идомаи хидмат дар артиши Русия ба ин кишвар рафта, аслан шиносномаи ҷадиди тоҷикӣ вуҷуд надошт ва пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ҳеҷгоҳ шиносномаи шаҳрвандии Тоҷикистон дарёфт накардааст.
Додгоҳи ноҳияи Любертси Маскав 30 ноябри соли 2017 шаҳрвандии Каромат Шарифовро ба иттиҳоми дарёфти ғайриқонунии гузарномаи шаҳрвандии Русия, лағв ва ӯро бар асоси санади консулгарии Тоҷикистон аз Русия бо ҳавопаймои Маскав - Кӯлоб ба зодгоҳаш ихроҷ кард.
Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон исрор мекунанд, ӯ дар Тоҷикистон ба дунё омада ва шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Вай қаблан таҳдид карда буд, барои исботи ин ки шаҳрванди Тоҷикистон нест, ба мубориза идома хоҳад дод ва дар сурати мунсифона баррасӣ нашудани ин моҷаро, аз Иттиҳоди Аврупо дархости паноҳндагӣ хоҳад кард.