Ду сол талоши бенатиҷаи як тоҷик барои доштани тобеияти Тоҷикистон
Як рӯзноманигори тоҷик, ки ба иттиҳоми ҷаъли санади шаҳрвандӣ ба ду сол зиндон маҳкум ва мавриди афв қарор гирифта буд, акнун фарде бидуни тобеият маҳсуб мешавад.
Ба нақл аз Азия-Плюс, Аминҷон Гулмуродзода, корманди маркази таҳқиқотии рӯзноманигории Тоҷикистон буд, ки соли 2015 маҳкум шуд ва акнун ду сол аст, ки наметавонд шиносномаи миллӣ дарёфт кунад.
Вайро ба гирифтани шаҳодатномаи қалбакии вилодат ва сипас мадорики дигаре монанди шиноснома, поённома донишгоҳӣ, издивоҷ ва иштиғол, бо кумаки падараш марҳум Пайванди Гулмуродзода, устоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон муттаҳам карда буданд.
Ба вай гуфтаанд, танҳо пас аз тасвиби қонуни афви афроди бидуни тобеият ва шаҳрвандони хориҷӣ, ки бидуни иҷозатнома дар Тоҷикистон иқомат доранд, метавонад барои дарёфти шиносномаи шаҳрвандии ин кишвар иқдом кунад.