Май 12, 2018 10:05 Asia/Dushanbe
  • Таъсири камбуди доллар дар муомилоти тиҷории Тоҷикистон

Камбуди доллар дар бозори асъори Тоҷикистон, ки аз авохири моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз шуда буд, шиддат гирифта ва муҷиби нигаронии бозаргонони ин кишвар шудааст.

Ба нақл аз Toptj, бонкҳои тиҷорӣ ва марокизи муҷози молии ин кишвар эълом кардаанд, танҳо аз мардум доллар харида мешавад ва барои фурӯш асъори зиёде дар ихтиёр надоранд.  

Дар бонки тиҷории Қазоқистон дар шаҳри Душанбе танҳо ба 25 нафари аввале, ки аз субҳ барои хариди доллар дар саф истодаанд, ба изои ҳар муштарӣ то 300 доллар фурӯхта мешавад.

Дар бонки Спитамен барои ҳар муштарӣ 200 доллар ва бонки тозатаъсиси эътиборӣ 50 доллар арза мешавад.

Аз ин рӯ, камбуди доллар муҷиби равнақи бозори сиёҳ ва арзаи ҳар доллар ба 9 сомониву 15 то 20 дирам шуда, дар ҳоле, ки дар бонкҳои тиҷорӣ арзиши ҳар доллар ҳашт сомониву 97 дирам муқаррар шудааст.  

Зарифҷон Сиддиқов, як бозаргони тоҷик мегӯяд, ба иллати набуди доллар дар бонкҳои тиҷорӣ ва марокизи молӣ ва эътибории муҷоз, маҷбур мешаванд, асъорро аз бозори сиёҳ таҳия кунанд, ки рӯи қимати маҳсулоти воридотӣ таъсир мегузорад.