Зиндон, сазои муҳоҷири тоҷик барои кумаки молӣ ба ДИИШ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i34038-Зиндон_сазои_муҳоҷири_тоҷик_барои_кумаки_молӣ_ба_ДИИШ
Додгоҳи низомии вилояти Маскав дар ҷаласаи сайёри худ дар шаҳри Мурманск дар Қутби Шимоли Русия, як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми кумаки молӣ ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба шаш соли зиндон маҳкум кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 13, 2018 05:04 Asia/Dushanbe
  • Зиндон, сазои муҳоҷири тоҷик барои кумаки молӣ ба ДИИШ

Додгоҳи низомии вилояти Маскав дар ҷаласаи сайёри худ дар шаҳри Мурманск дар Қутби Шимоли Русия, як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми кумаки молӣ ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба шаш соли зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши Спутник, мақомоти ин додгоҳ бидуни эъломи номи ин фард гуфтаанд, вай бо огоҳӣ аз мамнуъияти фаъолияти гурӯҳи террористии ДИИШ дар Русия, ба ҳисоби банкии ин созмони такфирӣ панҷ ҳазор рубл варид кардааст.

Гуфта мешавад, ин шаҳрванди Тоҷикистон сокини шаҳри Мурманск дар Қутби Шимоли Русия буда ва моҳи апрели соли ҷорӣ ба иттиҳоми кумаки молӣ боздошт шуда буд.

Чанд рӯз қабл ҳам додгоҳи вилояти Хатлон Алиҷон Шарифови 32-сола ва сокини ноҳияи Вахшро ба иттиҳоми дидан ва таблиғи наворҳои суханронии Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнуъшудаи Наҳзати исломӣ ва Абдулҳалим Назарзода муовини собиқи вазири дифои ин кишвар ба 9 солу шаш моҳ зиндон маҳкум кард.

Гуфта мешавад, муттаҳам бо огоҳӣ аз мамнуъияти фаъолияти ҲНИТ ва эъломи фитна ва ошуби муовини собиқ вазири дифои Тоҷикистон барои кудато дар сентябри соли 2015, ҳангоми кор дар Русия, ин наворҳоро тамошо ва барои дигарон ирсол мекардааст.

Аз ин рӯ ин иқдоми вай даъват ба ифротигарӣ ва таблиғи афкори гурӯҳҳо ва аҳзобе аст, ки дар Тоҷикистон ҳақи фаъолият кардан надоранд.