Ислоҳи қонуни ҳаракат дар роҳҳои Тоҷикистон
Бар асоси ислоҳияи яке аз қонунҳои ҳаракат дар роҳ дар Тоҷикистон, ронандагон ҳангоми мутаваққиф шудани мошин аз сӯи полис, набояд пиёда шаванд.
Ба гузориши сомонаи toptj.com, тибқи ислоҳияи ин қонун, ки ахиран дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба тасвиб расидааст, полис дар сурати пиёда шудани ронанда вайро ҷарима хоҳад кард.
Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси як расми дерин дар Тоҷикистон (баръакси дигар кишварҳо) ронандагон бо ишораи исти полиси ронандагӣ, нахуст бо дар даст доштани гувоҳинома ва соири мадорики мошин, аз мошин пиёда мешуданд ва ба тарафи маъмур мерафтанд.
Акнун бо ислоҳи ин қонун ронандагон набояд аз мошин пиёда шаванд, чунки дар ин ҳолат 50 сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд.
Коршиносон сабаби пиёда шудани ронандаҳо аз мошинро дар Тоҷикистон, нақзи қонуни ронандагӣ, надоштани дониши кофӣ аз муқаррарот ва комил набудани санадҳои онон медонанд.
Ҳамчунин бар асоси ислоҳияи воридшуда ба қонуни ҳаракат дар роҳҳои Тоҷикистон, ронандагон аз ин пас ҳақ доранд аз маъмури полис, ном ва вазифа, воҳиди маҳали хидмат, иҷозатномаи маъмурияти вай дар ҷойгоҳашро дархост кунанд.
Мақомоти идораи роҳнамоӣ ва ронандагии Тоҷикистон эълом кардаанд, дар соли 2017 ҷаримаҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар ин кишвар ба 500 миллион сомонӣ расида буд.