Бунёди зиндони ҷадид дар Тоҷикистон барои маҳкумон ба ҳабси абад
(last modified 2018-05-14T05:16:47+00:00 )
Май 14, 2018 10:16 Asia/Dushanbe
  • Бунёди зиндони ҷадид дар Тоҷикистон барои маҳкумон ба ҳабси абад

Муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон аз сохти зиндони ҷадид барои маҳкумон ба ҳабси абад дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “Топ Тҷ”, Илҳом Маҳмудзода ин матлабро дар нишасти Кумитаи ҳуқуқи башари  Созмони Милали Муттаҳид дар Женева баён кардааст.

Вай гуфтааст, ки зиндони ҷадид барои маҳкумон ба ҳабси абад дар ноҳияи Рӯдакӣ дар ҷануби шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон сохта хоҳад шуд ва ҳукумати Тоҷикистон ба тааҳҳудоти байналмилалии хеш дар ин замина, амал хоҳад кард.

Дар Тоҷикистон аз соли 2004 ҳукми эъдом лағв шуда ва ба гуфтаи Ҳаким Мирсайдзод, муовини вазири адлия ин кишвар, дар зиндонҳои ин ҷумҳурӣ  80 нафар маҳкум ба ҳабси абад нигаҳдорӣ мешаванд.

Болотарин муддати маҳкумият барои бархе ҷиноятҳои сангин дар Тоҷикистон аз 25 сол оғоз мешавад, ки то 30 сол хоҳад буд ва аз 30 сол фаротар шомили ҳабс абад хоҳад шуд.

Миёни афроде, ки ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, Ғаффор Мирзоев – фармондеҳи пешини Горди Миллӣ Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалии Ҳайит – муовинони раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва Суҳроб Ланагриев, бародари Лангарӣ Лангариев, фармондеҳи пешини Фронти халқӣ, мушоҳида мешаванд.

Мақомоти Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ин кишвар 18 марказ аз ҷумла 9 зиндон, панҷ боздоштгоҳ, як зиндон барои ноболиғон, се маҳалли кор барои афроде, ки ба зиндони машрут маҳкум шудаанд, вуҷуд дорад, ки теъдоди кулли зиндониён дар ин марокиз ба 10 ҳазор нафар мерасад.