Май 16, 2018 11:30 Asia/Dushanbe
  • Мусодираи молу мулки тоҷикони узви гурӯҳҳои террористӣ

Бар асоси ислоҳи яке аз бандҳои Қонуни ҷиноии Тоҷикистон, аз ин пас амвол ва дороиҳои шаҳрвандони ин кишвар, ки бо узвият дар гурӯҳҳои террористӣ дар даргириҳои низомӣ дар хориҷи кишвар ширкат кунанд, мусодира мешавад.

Ба гузориши дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, бо ислоҳи банди 57-и Қонуни ҷиноии ин кишвар, дороиҳои шаҳрвандоне, ки афкори гурӯҳҳои террористӣ ва ифротиро таблиғ кунанд низ мусодира хоҳад шуд.

Қаблан ин банди Қонуни ҷинои Тоҷикистон мусодира амвол ва дороиҳои шаҳрвандон ин кишварро муттаҳам ба истифода аз силоҳҳои кимиёвӣ ва қочоқи инсон буданд, шомил мешуд.

Лекин акнун ин банди қонун ба ширкаткунандагон дар даргириҳои низомӣ дар хориҷ кишвар ва мубаллиғони афкори гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ низ тааллуқ хоҳад гирифт.

Ҳамчунин амвол ва дороиҳои афроде, ки қасди ширкат дар даргириҳои низомӣ дар хориҷро дошта бошанд, мусодира хоҳад шуд.

Дар соли 2014 ба манзури ташдиди муҷозоти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои ширкат дар ҷанг ба Сурия ва Ироқ рафтаанд ва низ мубаллиғони гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ муттаҳам ба ҷазби афрод, ҳукми зиндон аз панҷ то 20 сол таъйин шуд.

Бар асоси гузориши додситони кулли Тоҷикистон, як ҳазору 100 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ба ДИИШ пайваста ва дар даргириҳои низомӣ дар Сурия ва Ироқ ширкат кардаанд, ки 500 нафар аз онон кушта шудаанд.

Аз сӯи дигар додгоҳҳои Тоҷикистон даҳҳо нафарро ба хотири мушорикат дар ин даргириҳо ва ё талош барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ, ба зиндонҳои тӯлонимуддат маҳкум кардаанд.