Май 19, 2018 10:19 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши 20 миллиондолларии қарзҳои хориҷии Тоҷикистон

Мизони қарзҳои хориҷии Тоҷикистон тайи се моҳи нахусти соли ҷорӣ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 20 миллион доллар коҳиш ёфтааст.

Ба гузориши Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, мизони феълии қарзҳои хориҷии ин кишвар тайи се моҳи нахусти соли ҷорӣ ду миллиарду 879 миллион доллар эълом шудааст.

Аз ин мизон ду миллиарду 700 миллион доллар қарзҳои хориҷии давлати Тоҷикистон ба ҳисоб меояд, ки барои амалӣ кардани тарҳҳои мухталиф сарф шудааст.

Ҳамчунин 32 миллион доллар аз ин қарзҳо бо тазмини давлати Тоҷикистон дарёфт шуда ва 31 миллиону 500 ҳазор доллар низ бидуни замонати давлатӣ аст.

Дар ин миён қарзҳои Тоҷикистон ба Бонки воридот ва содироти Чин як миллиарду 200 миллион доллар эълом шудааст, ки бузургтарин вомдиҳанда ба Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Аз сӯйи дигар, фурӯши саҳмияҳои молии нерӯгоҳи обии “Роғун” дар хориҷ аз кишвар ба маблағи 500 миллион доллар боиси афзоиши қарзҳои хориҷии Тоҷикистон шудааст.

Ҳамчунин Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ 318 миллион доллар, аз Бонки Рушди Осиё 278 миллион доллар ва аз Бонки Рушди Исломӣ 112 миллион доллар қарздор аст.