Миллиардери тоҷик, ҳамчунон дар ҳабси хонагӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i34352-Миллиардери_тоҷик_ҳамчунон_дар_ҳабси_хонагӣ
Обид Ясинов-раиси як ширкати сохтмонӣ ва танҳо миллиардери тоҷик дар Русия, ки ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуда буд, ҳамчунон дар ҳабси хонагӣ ба сар мебарад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 19, 2018 07:13 Asia/Dushanbe
  • Миллиардери тоҷик, ҳамчунон дар ҳабси хонагӣ

Обид Ясинов-раиси як ширкати сохтмонӣ ва танҳо миллиардери тоҷик дар Русия, ки ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуда буд, ҳамчунон дар ҳабси хонагӣ ба сар мебарад.

Ба нақл аз сомонаи Ахбор, неруҳои полиси шаҳри Маскав вайро дар рӯзи сешанбе 15-уми май дар Маскав дастгир ва бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Твери Маскав ба ҳабси хонагӣ маҳкум карда буданд.

Обид Ясинов аз он замон токунун дар ҳабси хонагӣ ба сар мебарад ва ин маҳкумият то такмили таҳқиқот дар бароаи парванда ҳамчунон идома дорад.

Хабари боздошти Ясиновро хабаргузории РБК аз қавли як манбаъи вобаста ба ВКД Русия нашр кардааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, бар асоси Қонуни асосии Русия барои Ясинов ба иттиҳоми қаллобии маблағи зиёд, парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст ва таҳқиқот ҳамчунон идома дорад.

Росгвардия Обид Ясиновро ба таҳвилнадодани беш аз 400 манзил муттаҳим кардааст.

Манбаъи ёдшуда афзудааст: Обид Ясинов мебоист бар асоси қарордоди давлатӣ дар соли 2016,  1600 манзил дар минтақае воқеъ дар байни шаҳри Маскав ва шаҳри Балашиха сохта ва дар ихтиёри Росгвардия қарор медод.

Аммо вай бо иҷронакардани вазифаҳои худ беш аз 400 манзилро ба Росгвардия таҳвил надода ва хисорате ҳудуди се миллион доллар ба Росгвардия ворид кардааст.

Як шабакаи телевизионии русӣ хабар додааст Виктор Залатов раҳбари Росгвардия шахсан аз Обид Ясинов шикоят кардааст.

Ширкати сохтмонии таҳти риёсати Обид Ясинов яке аз ширкатҳои қадимӣ дар заминаи сохтмонсозӣ дар пойтахти Русия ба шумор меравад, ки бештари қарордодҳои давлатиро иҷро мекунад.

Обид Ясинов раиси шурои мудирон ва саҳомдори асосии ин ширкат аст ва 62.34 дарсади саҳмияи ин ширкати бузургро дар ихтиёр дорад.