Сентябр 03, 2016 11:34 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон роҳии Самарқанд шуд

Дар пайи даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири видоъ ва ширкат дар маросими ҷаноза ва хоксупорӣ озими шаҳри Самарқанд шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи гузашта низ бо судури паёме, даргузашти Ислом Каримовро ба давлат ва мардуми Узбакистон таслият гуфт.

Ба гузориши сомонаи иттилоърасонии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар паёми таслияти Раҳмон аз ҷумла гуфта мешавад: "Дар Тоҷикистон хабари талафоти вазнину ҷуброннопазири мардуми дӯсти ӯзбак – вафоти бемаҳали Ислом Абдуғаниевич Каримовро, ки барои ҳамаи мо хеле гиромӣ буд, бо эҳсоси андуҳи амиқ дарёфтанд".

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, Ислом Абдуғаниевич ҳамчун ходими барҷастаи давлатие, ки аз бисёр ҷиҳат хислату мазмуни як давраи томи таърихиро дар рушди мамлакаташ, пас аз соҳиб гаштан ба истиқлоли давлатӣ муайян кардааст, абадан дар таърихи мардуми Узбакистон сабти ном шуд.

Раҳмон дар паёмаш афзуд: "Ба шарофати фарзонагӣ ва дурандешиаш ӯ эътирофи умум гашта, ба ҳайси сиёсатмадори фарохмиқёс, берун аз марзҳои кишвари худ низ соҳиби обрӯи шоиста гашта буд. Хотираи нек дар бораи ӯ ҳамеша дар қалбҳои мо мондагор хоҳад буд. Дар ин лаҳзаҳои мотам мо таъзияву ҳамдардии самимии худро ба мардуми бародари ӯзбак, ба ҳамаи пайвандону наздикони Ислом Абдуғаниевич изҳор медорем".

Маҷлиси Олӣ ва Девони вазирони Узбакистон 2 сентябр аз даргузашти Ислом Каримов хабар дода, эълон кард, бар асоси васияти ӯ, ҷанозааш тибқи анъанаҳои суннатӣ дар Самарқанд ба хок супурда мешавад.

Дар робита ба марги Каримов дар Узбакистон 3 рӯз азои умумӣ эълом шудааст.

Дар маросими хоксупории Каримов, афзун бар Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Туркманистон, раиси ҷумҳурии Афғонистон ва нахуствазирони Русия, Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд.
 

 

Барчасп