Ду шоири тоҷик дар канори ҳам ором гирифтанд+видео
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i34362-Ду_шоири_тоҷик_дар_канори_ҳам_ором_гирифтанд_видео
Ҷанозаи Муъмин Қаноат шоири маъруфи тоҷик дар оромгоҳи Лучоб дар канори мазори Бозор Собир ба хок супурда шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 19, 2018 09:43 Asia/Dushanbe

Ҷанозаи Муъмин Қаноат шоири маъруфи тоҷик дар оромгоҳи Лучоб дар канори мазори Бозор Собир ба хок супурда шуд.

Ба нақл аз сомонаи Ахбор, аз онҷо ки намози ҷанозаи пайкари ин шоири тоҷик зудтар аз замони таъиншуда дар масҷиди марказии Душанбе дойир шуд, бисёре аз ҳаводоронаш натавонистанд худро ба маросими видоъ бо шоири маҳбубашон бирасонанд.

Ба гуфтаи манбаъ ҳамчунин бо вуҷуди дархостҳои бисёри ҳаводорони ин шоир, ки хоҳони эъломи ин руз ба унвони рӯзи азо буданд, аммо бо ин дархост мувофиқат нашуд ва маросими хоссе ҳам барои видоъ бо ин шоири даргузашта сурат нагирифт.

Ҳозирон дар хоксупории Муъмин Қаноат мегуянд маросими вай аз Бозор Собир ҳам содатар баргузор шуд ва бештари мақомоти баладпояи кишвар дар он ҳузур надоштанд.

Даргузашти ду шоири бузург дар моҳи май боис шудааст, бисёриҳо ин моҳро як моҳи сиёҳ барои фарҳанги Тоҷикистон унвон кунанд.

Муъмин Қаноъат нимаи дуввуми рӯзи 18-уми май дурӯз пеш аз ҳаштоду шашумин солрӯзи зодрӯзаш дар манзилаш дар шаҳри Душанбе даргузашт.

Шоми 18-уми май як ҳайъат аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон ба раҳбарии Абдуҷаббор Рамазон ва Асадуллоҳ Раҳмон ёрдамчиёни раиси ҷумҳур барои ибрози ҳамдардӣ ба манзили шоир рафтанд ва паёми таслияти Эмомалӣ Раҳмонро ба хонаводаи вай расонданд.

Дар паёми таслияти раиси ҷумҳури Тоҷикистон омадааст: Наслҳои гуногуни адибони тоҷик аз эҷодиёти саршор аз меҳру муҳаббати шоири ғизои маънавӣ гирифта ба камол расидаанд. Номи нек ва осори ватдӯстонаи Муъмин Қаноат дар хотири мардум абадӣ хоҳад монд.