Маросими таҷлил ва рунамоӣ аз пайкараи устод Лоиқ+аксҳо
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i34404-Маросими_таҷлил_ва_рунамоӣ_аз_пайкараи_устод_Лоиқ_аксҳо
Маросими таҷлил ва рунамоӣ аз пайкараи устод Лоиқ Шералӣ дар зодгоҳи ин шоири маҳбуби тоҷик деҳаи Мазори Шарифи шаҳри Панҷакент баргузор шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 20, 2018 10:47 Asia/Dushanbe
  • Маросими таҷлил ва рунамоӣ аз пайкараи устод Лоиқ+аксҳо

Маросими таҷлил ва рунамоӣ аз пайкараи устод Лоиқ Шералӣ дар зодгоҳи ин шоири маҳбуби тоҷик деҳаи Мазори Шарифи шаҳри Панҷакент баргузор шуд.

Ба нақл аз Ахбор, ин маросим рӯзи 19-уми май  ҳамзамон  бо ҳафтоду ҳафтумин солрӯзи  зодрӯзи устод Лоиқ Шералӣ бо ҳузури садҳо нафар аз талабаҳо, муалимҳо, адибон, раисон ва дигар қишрҳои мардум баргузор шуд.

Иштирокчиён дар ин маросим пас аз боздид аз хона-музейи шоир, дар ҳуҷрае, ки асбобу лавозимоте, ки дар замони зиндагии Лоиқ истифода мешудаанд буд, гирдиҳам омаданд ва ба хондани ашъоре аз устод пардохтанд.

Муҷассамае ҳам, ки дар ин маросим аз он пардабардорӣ шуд, муҷассамаи пешини Лоиқ Шералӣ аст, ки соли 2001  бахшида ба 60 солагии устод дар маркази шаҳри Панҷакент буд ва дар соли равон пас аз навсозӣ ба зодгоҳаш деҳаи Мазори  Шариф оварда шуд.

Ин муҷассама дар маркази деҳаи Мазори  Шариф ва дар майдоне аст,  ки қарор аст дар оянда ба як боғ таблид ёбад.

Дар ин маросим ҳамчунин бародари устод Лоиқ Шералӣ ва Диловар Шералӣ писари устод аз  меҳмонон барои иштирок дар  масроми таҷлил аз шоир қадрдонӣ карданд.

Лоиқ Шералӣ яке аз адибони тавонои асри 20 Тоҷикистон аст , ки дар соли 1941 дар деҳаи Мазори Шарифи шаҳри Панҷакент ба дунё омад.

Ӯ ягона шоире аст, ки барои як шеъраш ба номи “Ба модарам” ба узвияти Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон даромад.

Ин шоири маҳбуб ва номии тоҷик ҳамчунин дорандаи ҷоизае баноми “Рӯдакӣ”  ва ҷоизаи байналхалқии Нилуфар” аст.