Май 22, 2018 13:01 Asia/Dushanbe
  • Коршинос: Мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон бо мушкилоти зиёде ҳамроҳ аст

Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ ва Афғонистон муътақид аст, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон бо мушкилоти зиёде ҳамроҳ аст.

Ба гузориши “Спутник”, Дмитрий Верхаторов бо ишора ба оғози амалиёте ба унвони "Хашхош-2018" дар пойтахти Тоҷикистон бо ҳадафи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва пешгирӣ аз эътиёд гуфт, ин навъ иқдомот муассир аст, аммо наметавонад мӯҷиби решакан кардани маводи мухаддир шавад. Ӯ таъкид кард, ҳамасола даҳҳо тонна маводи мухаддир аз Афғонистон ба қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ворид мешавад, ки кашфу забти ин миқдор маводи мухаддир амалан имконпазир нест, зеро заминаҳои масдуд кардани марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон дар манотиқи кӯҳистонӣ ва ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ба дохили қаламрави ин кишвар фароҳам нест ва нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон тавони масдуд кардани комили марзро надоранд, аммо талош мекунанд, ки раванди мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро беҳбуд бахшанд. Ба гуфтаи ӯ, бо ин ҳол, дар Тоҷикистон барои мушаххас кардани масирҳои интиқоли маводи мухаддир, кашфи махфигоҳҳо, боздошти сарони гурӯҳҳои қочоқчӣ ва пРXUйдо кардани воситаҳо ва фурӯшандагони анвои маводи мухаддир дар дохили ин кишвар корҳои зиёде анҷом мешавад.

Ин дар ҳолест, ки 21-уми майи соли ҷорӣ кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳангоми бозрасии васоили ду шаҳрванди Афғонистон дар гузаргоҳи марзии Панҷи Поён, ки қасди вуруд ба дохили ин кишварро доштанд, аз онон 5 килову 200 грамм ҳероин кашфу забт карданд. Ин ду шаҳрванди Афғонистон боздошт ва барои баррасии ин моҷаро ба додситонии вилояти Хатлон таҳвил дода шудаанд.