Май 22, 2018 20:37 Asia/Dushanbe
  • Маоф шудани коргарони нерӯгоҳи Роғун аз рӯза гирифтан

Коргарони нерӯгоҳи Роғун дар чуқурии беш аз 300 метр дар шароити сангин кор мекунанд аз ин рӯ иҷоза доранд, рӯза нагиранд.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, рӯҳониёни тоҷик ба коргарони Роғун иҷоза доданд, ки рӯза нагиранд, хабар додааст ба расонаҳо муовини раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Усмоналӣ Нуров.

Қайд мешавад, ки ин фатворо раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода бар асоси қавонини шариат содир кардааст.

"Вақте мо аз мавзеи кор дидан кардем, муътақид шудем, ки барои одами рӯзадор машаққат аст. Коргарон дар ҷойҳои то 300 метр чуқур кор мекунанд. Он ҷо дар ин бора сухан кардем, ки аз нигоҳи мазҳаб дар ин ҳолате, ки шумо қарор доред, иҷоза ҳаст, ифтор кунед ва вақту моҳи муносиб рӯза бигиред", — гуфт Нуров.

Дар сохтмони Роғун беш аз 20 ҳазор кас фаъолият дорад. Аксари онҳо дар ду баст 15-шабонарӯзӣ кор мекунанд.

Шӯрои уламои Тоҷикистон бар ин аст, ки коргарон метавонанд дар 15 рӯзи истироҳаташон рӯза гиранд.

Ёдоварӣ мекунем, ки имсол моҳи мубораки Рамазон дар Тоҷикистон 17 май оғоз шуд.