Май 23, 2018 10:05 Asia/Dushanbe
  • Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон: Радиои “Зелло” баландгӯи террористҳост

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо интишори гузорише аз шабакаи аввали телевизиони ин кишвар, радиои “Зелло” (zello)-ро баландгӯи гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ хондааст.

Ба гузориши “Азия плюс”, равобити умумии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъкид кардааст, мухолифони давлати ин кишвар дар хориҷ ба василаи ин расонаи интернетӣ ба шустушӯи мағзӣ ва латма задан ба эътибори ҳукумат машғул ҳастанд.

Дар ин навори видеоии 9 дақиқаӣ бо пахши дидгоҳи коршиносон ва теъдоде аз афроде, ки муддаӣ ҳастанд бо шунидани радиои “Зелло” ба гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ пайвастаанд, аз ин расонаи интернетӣ ба унвони василаи ҷазби шаҳрвандони тоҷик ба ин гурӯҳҳо ёд шудааст.

Гуфта мешавад, 80 дарсад аз ҷавонони тоҷик, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ пайвастаанд, аз шабакаҳои иҷтимоӣ, интернет ва радиои “Зелло” истифода карда ва таҳти таъсири таблиғоти мухарриби ин расонаҳо қарор гирифтаанд.

Равобити умумии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъкид кардааст, дар соли 2017 дар ин кишвар як ҳазору 300 мавриди ҷурму ҷиноёти марбут ба фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ сабт ва 400 нафар ба иттиҳоми иртибот бо ин гурӯҳҳо боздошт шудаанд.