Аз кор мондани 163 корхона дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i34552-Аз_кор_мондани_163_корхона_дар_Тоҷикистон
163 корхона ва воҳиди тавлидӣ дар Тоҷикистон тайи се моҳи нахусти соли ҷорӣ аз фаъолият бозмондааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 23, 2018 07:53 Asia/Dushanbe
  • Аз кор мондани 163 корхона дар Тоҷикистон

163 корхона ва воҳиди тавлидӣ дар Тоҷикистон тайи се моҳи нахусти соли ҷорӣ аз фаъолият бозмондааст.

Ба гузориши хабаргузории “Авесто”, ин омор дар мусаввабаи ҷадиди Ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи 22-юми май мунташир шуд, зикр шудааст.

Дар ин мусавваба таътилии корхонаҳо яке аз авомили коҳиши рушди иқтисодии Тоҷикистон маънидод шудааст.

Фаъолиятҳои иқтисодии Тоҷикистон дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли қабл 6,3 дарсад коҳиш ёфтааст. Бар ин асос Ҳукумати Тоҷикистон вазоратхонаҳо ва бахшҳои марбутаро муваззаф ба решаёбии иллати ин раванди номатлуб дар иқтисоди кишвар кардааст.