Май 23, 2018 19:21 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими Рузи Тоҷикистон дар Маскав

Сафорати Тоҷикистон сокинони шаҳри Маскавро бо фарҳанги мардуми Тоҷикистон ошно сохт.

Ба иттилои Спутник, дар китобхонаи кӯдаконаи давлатии Русия да шаҳри Маскав Рӯзи Тоҷикистон баргузор шуд.

Ташкилкунандагон меҳмононро бо фарҳангу ҳунар, одатҳо ва анъанаҳои идонаи мардуми Тоҷикистон ошно сохтанд.

Шабнишинӣ бо қиссаҳои кӯтоҳ дар бораи мардуми Тоҷикистон, ки дар рушди адабиёти миллии тоҷик ва забон дар қарни ХХ саҳми худро гузоштанд, оғоз шуд.

Дар ин маросим аз Саддриддин Айнӣ, тарҷумону донишманд асосгузори адабиёти муосир ва яке аз ташкилкунандаҳои Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Мирзо Турсунзода шоири барҷаста ва тарҷумон, ки мардуми худро бо асарҳои Пушкин, Некрасов ва Шота Руставели ошно сохтааст, ёд карданд.

Ғайр аз адибон, дар маросими мазкур инчунин шахсоне ёд шуданд, ки Тоҷикистони имрӯзаро ташкил доданд ва барои дороии мардум дар солҳои ташаккулёбии ҳукумати Шӯравӣ мубориза бурданду ҷони худро аз даст доданд

Сухан дар бораи шахсони сиёсӣ ва ҷамъиятӣ ба монанди Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум меравад, ки солҳои дароз дар ҳукумати Шӯравии Тоҷикистон вазифаҳои баланд доштанду бо айбҳои дуруғин онҳоро дар соли 1937 қатл карданду пас аз чанде аз сӯи ҳукумат сафед карда шуданд.   

Номҳои онҳоро ҳар як мактабхон аз Панҷиканд то Хоруғ медонад, вале берун аз Тоҷикистон онҳо чунон машҳур нестанд ва ба ҳамин далел барои ошноии онҳо намоиши алоҳидаи таърихӣ баргузор шуда буд.

Баъд аз намоиши таърихӣ барномаи фарҳангӣ оғоз шуд.