Май 25, 2018 18:34 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҷустуҷӯ барои пайдо кардани 17 ноболиғи гумшуда дар Тоҷикистон

Мақомоти интизомии Тоҷикистон, амалиёти ҷустуҷӯ барои пайдо кардани 17 ноболиғи гумшуда дар ин кишварро идома медиҳанд.

Ин оморро имрӯз Файзиддин Назарзода, раиси бахши кор бо ноболиғони Вазорати дохилаи Тоҷикистон эълом ва тасреҳ кардааст, ки дар 4 моҳи нахусти соли 2018, 129 кӯдак ва наврас гум шуда буданд, ки 112 нафари онҳо пайдо ва ба хонаводаҳояшон таҳвил дода шуданд.

Ин мақоми интизомии тоҷик, ки дар рӯзи байналмилалии кӯдакони гумшуда бо хабаргузории Ховар сӯҳбат кардааст, ҳамзамон аз коҳиши раванди гум шудани кӯдакон ва наврасон нисбат ба муддатзамони мушобеҳ дар соли 2017 хабар дода ва афзудааст, дар 4 моҳи нахусти соли гузашта 140 нафар гум шуда буданд.

Файзиддин Назарзода иллати аслии гум шудан ё фирори ноболиғон аз хонаводаҳояшонро беэътиноии волидайн бо қонуни масъулияти волидайн дар тарбияти фарзандон медонад.

Ба гуфтаи вай бар пояи ин қонун дар маҷмӯъ 6986 парванда боз шуда, ки аз ин теъдод 2067 парванда барои судури ҳукми додгоҳҳо ирсол шудааст.