Май 26, 2018 09:14 Asia/Dushanbe
  • 12 зани тоҷик мунтазири эъломи ҳукми додгоҳи Ироқ

Додгоҳи вижаи баррасии парвандаи фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Ироқ, дар рӯзҳои оянда ҳукми маҳкумияти 13 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла 12 зан ва як мардро содир хоҳад кард.

Ба гузориши Топ Тҷ, Умар Каримӣ, рӯзноманигори ироқӣ, ки маҳкумияти атбои хориҷиро дар додгоҳи марказии Ироқ баррасӣ мекунад, синни ин занони тоҷикро байни 19 то 25 сол эълом кардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки қаблан чаҳор зани тоҷик ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи терорристии  ДИИШ ба ҳабси абад маҳкум шуда буданд.

Ин рӯзноманигори ироқӣ гуфтааст, бештари занони тоҷик, ки бояд дар додгоҳи марказии Ироқ муҳокима шаванд, дорои кӯдакони ноболиғ ҳастанд.

Вай таъкид кардааст, тайи моҳҳои ахир дар додгоҳҳои Ироқ ҳукми маҳкумияти 25 зани тоҷик, ки ба ҳамроҳи шавҳаронашон ба ин кишвар омада буданд, содир шуд.

Дар ҳоли ҳозир занони тоҷик пас аз кушта шудани шавҳаронашон ба ҳамроҳи кӯдакони худ дар чаҳори урдугоҳи таҳти назари Созмони Милали Муттаҳид нигаҳдорӣ мешаванд.

Дар бораи теъдоди дақиқи занон ва кӯдакони тоҷик дар Ироқ, иттилое дар даст нест ва мақомоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон мегӯянд, дар ин маврид ба давлати Ироқ дархосте ироа карда ва мунтазири посухи Бағдод ҳастанд.

Набуди равобити сиёсии расмӣ ва надоштани сафорати Тоҷикистон дар Ироқ боис шуда аз сарнавишти хонаводаҳои тоҷик дар хоки Ироқ пас аз кушта шудани марди хонавода, иттилое дар даст набошад ва ин хонаводаҳо бесарнавишт мондаанд.