Май 26, 2018 09:44 Asia/Dushanbe
  • Боздошти чаҳор афсари пулиси вилояти Суғд ба иттиҳоми шиканҷа

Додситонии вилояти Суғд бо такмили парвандаи шиканҷаи Комил Хоҷаназаров, иттиҳоми даст доштан дар ин ҳодисаро ба ду афсари пулиси Суғд ва як афсари Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ашт эълом кард.

Ба гузориши сомонаи CA News, узви собиқи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, қабл аз худкушӣ дар моҳи августи соли 2017, бо интишори як навори савтӣ дар Интернет, иллати худкушии худро шиканҷа ва озору  азияти пулиси вилояти Суғд ва Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ашт эълом карда буд.

Манобеи додситонии вилояти Суғд гуфтаанд, илова бар иттиҳоми шиканҷа, ба ин афрод иттиҳоми фаро рафтан аз чорчӯби масъулият, гирифтани иқрор бо истифода аз шиканҷа ва дарёфти ришва низ ворид аст.

Пас аз интишори ин навори Комил Хоҷаназаров ҷасади вай барои ташхиси дубора аз қабр берун ва мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки осори шиканҷа ошкор шуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015 фаъолияти ҳизби наҳзати исломи ин кишварро ба иттиҳомм иртибот бо шӯришм генерал Абдулҳалим Назарзода, муовини вақти вазири дифо, мамнуъ кард ва номи ин ҳизбро дар феҳрасти гурӯҳҳои террористӣ қарор дод.

Мақомоти ин ҳизб дар хориҷ аз кишвар бо радди тамоми иттиҳомот мегӯянд, дар ду соли ахир беш аз 200 нафар аз аъзои ин ҳизб дар дохили Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шудаанд.