Май 26, 2018 11:24 Asia/Dushanbe
  • Таҳдиди ду бонки дигар дар Тоҷикистон ба лағви муҷаввиз

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ду бонки буҳронзадаи  “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро ба лағв муҷаввиз таҳдид кард.

Ба гузориши Авесто, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар Маҷлиси Намояндагони  Тоҷикистон гуфтааст, агар мудирони ин бонкҳо барои хурӯҷ аз варшикастагӣ иқдоме накунанд, муҷозот ва мавзӯи лағви муҷаввизи ин ду ниҳоди молӣ низ баррасӣ мешавад.

Вай гуфтааст, буҳрони молӣ дар ин ду бонк аз соли 2015 оғоз шуд ва акнун мудирони ин ду ниҳоди молӣ бояд барои раҳоӣ аз буҳрон, тадобири фаврӣ биандешанд ва дар ғайри ин сурат бо хатари лағви муҷаввизи фаъолият рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Дархости аслӣ аз мудирони ду бонки буҳронзадаи “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”, ҷазби сармояҳои бахши хусусӣ ва тасавияҳисоб бо муштариён аст.

Ин дар ҳоле аст, ки чанде қабл гурӯҳи сармоягузории Саудӣ эълом карда буд, қасд дорад 51 дарсади саҳоми “Тоҷиксодиротбонк”-ро бихарад.

Давлати Тоҷикистон соли қабл 85 дарсад саҳоми ин бонкро дар ихтиёр гирифта буд.

Аз сӯи дигар тайи солҳои 2015 ва 2016 дар Тоҷикистон, чаҳор бонки тиҷорӣ бо буҳрони молии шадид рӯбарӯ шуданд, ки бо вуҷуди кумакҳои молии давлат дар соли 2017, муҷаввизи ду бонки "Фононбонк" ва "Тоҷпромбонк" лағв шуд.

Ахиран низ Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Ҷамшед Зиёев, мудири бонки варшикаста ва лағви муҷаввизшудаи "Тоҷпромбонк" ба иллати нотавонӣ дар пардохти бадеҳӣ ва ихтилоси молӣ, эъломи иттиҳом кардааст ва акнун вай дар боздошт басар мебарад.