Талоши Душанбе ва Остона барои афзоиши мубодилот то ду миллиард доллар
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i34696-Талоши_Душанбе_ва_Остона_барои_афзоиши_мубодилот_то_ду_миллиард_доллар
Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон аз барномаи Душанбе ва Остона барои афзоиши мубодилоти тиҷорӣ миёни ду кишвар то ду миллиард доллар хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 26, 2018 16:46 Asia/Dushanbe
  • Талоши Душанбе ва Остона барои афзоиши мубодилот то ду миллиард доллар

Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон аз барномаи Душанбе ва Остона барои афзоиши мубодилоти тиҷорӣ миёни ду кишвар то ду миллиард доллар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, муовинони вазирони рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ва Қазоқистон дар чорчӯби ҳамоиши иқтисодии Остона дар бораи ин афзоиши табодулоти тиҷорӣ гуфтугӯ карданд.

Ду тараф дар ин дидор аз густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ миёни Душанбе ва Остона ибрози ризоият карданд ва роҳҳои тазмини афзоиши гардиши молӣ, эҷоди ширкатҳои саноатӣ ва ҷазби сармоя ба иқтисодро ба баҳс ва табодули назар гузоштанд.

Мақомоти иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар поёни ин мулоқот протоколеро имзо ва тавофуқ карданд, ки пешнависи ин санад бар асоси тавсияҳои вазоратхона ва идороти марбутаи ҳар ду кишвар таҳия ва барои тасвиб ба ҳайатҳои муштараки комиссияи байналмилалии тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ироа шавад.

Қазоқистон дар канори Русия ва Чин яке аз шарикони муҳими тиҷории Тоҷикистон аст.

Мубодилаи тиҷории ин кишвар бо Душанбе дар январ то октябри соли 2017-и мелодӣ дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли 2016-и мелодӣ бо афзоиши қобили таваҷҷуҳе ба 673 миллион доллар расидааст.