Май 29, 2018 00:42 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши сафири Эрон дар Тоҷикистон ба баёнияи Шӯрои уламои ин кишвар

Сафири Эрон дар Тоҷикистон ба баёнияи Шӯрои уламои Тоҷикистон дар мавриди иддаои ҳимояти Эрон аз ҳизби наҳзати исломӣ посух дод.  

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сафири ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон дар посух ба баёнияи Шӯрои уламои ин кишвар дар бораи мавзуи иддаои ҳимояти Эрон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, инҷониб нашунидаам, ки ин шӯрои муҳтарам, ки қоидатан бояд дағдағаи аввалаш манофеи ислом ва мусулмонон бошад, гуфта бошад, режими ғосиби Исроил, ки асоси вуҷудаш бар ғасби сарзаминҳои миллати мазлуми Фаластин бино шуда ва акнун дар Ғазза бузургтарин зиндони бесақфи ҷаҳонро ба вуҷуд оварда ва дастш то оранҷ ба хуни мусулмонон олудааст, шоистаи дӯстӣ нест ва ё сухане дар тақбеҳи иқдомоти ахир ва зидди ҷаҳони исломи Амрико ҳамчун интиқоли сафораташ ба Байтулмуқаддас дар остонаи рӯзи накбат гуфта бошад, ки дар аввалин гом боиси рехта шудани хуни даҳҳо мусулмони бегуноҳ ва захмӣ шудани садҳо тан аз онон гардид.  

Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ афзуд, агар Шӯрои уламои Тоҷикистон мавзее дар ин бораҳо дошта ва ман нашунидаам, лутфан касе огоҳам кунад ва агар сухане нагуфта ва фарёди ёлалмуслимини мардуми бегуноҳи Фаластинро бепосух гузошта ва ин режимҳоро ба рағми ҳама ҷиноятҳо шоистаи дӯстӣ медонад, бо ин ҳадиси шарифи набавӣ чи мекунед, ки фармудааст, “ва ман самъу раҷул юноди ёлалмуслимини фалам юҷибуҳу фалайса бимуслим”....