Камбудии сомонаҳои иттилоърасонии додгоҳҳо дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i34820-Камбудии_сомонаҳои_иттилоърасонии_додгоҳҳо_дар_Тоҷикистон
Коршиносони умури ҳуқуқӣ барӯз набудани сомонаҳо ва маҳрамона мондани иттилоотро мушкили сомонаҳои иттилоърасонии додгоҳҳои Тоҷикистон медонанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 29, 2018 04:48 Asia/Dushanbe
  • Камбудии сомонаҳои иттилоърасонии додгоҳҳо дар Тоҷикистон

Коршиносони умури ҳуқуқӣ барӯз набудани сомонаҳо ва маҳрамона мондани иттилоотро мушкили сомонаҳои иттилоърасонии додгоҳҳои Тоҷикистон медонанд.

Ба гузориши “CA News”, гурӯҳи коршиносони Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва намояндагони низоми додгоҳии Тоҷикистон, кормандони созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳои хабарӣ раванди ислоҳот дар низоми додгоҳии ин кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Натиҷаи арзёбии фаъолияти додгоҳҳои Тоҷикистон нишон медиҳад, ки 56 додгоҳ иқдом ба роҳандозии сомонаҳои интернетии худ кардаанд, ки бояд иттилооти ҷадид аз фаъолияти ин ниҳодҳоро мунташир кунанд. Аммо баррасиҳо нишон додаанд, ки аксари ин сойтҳо барӯз нестанд, чунон ки дар сомонаи додгоҳи шаҳри Душанбе охирин матлабе, ки мушоҳида мешавад, дар рӯзи 12 марти имсол боргузорӣ шуда ва бознашри мақолае аз нашрияи парлумон Тоҷикистон аст. Дар сомонаи додгоҳи низомии шаҳри Душанбе низ охирин матлаб дар моҳи декабри соли 2017 мунташир шуда, сомонаи додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе низ охирин бор дар моҳи ноябри соли 2017 барӯз шудааст. Дар сомонаи Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳам охирин матлаб эъломи озмуни истихдоми додраси ҷадид дар моҳи апрели имсол аст. Ҳамчунин дастрасӣ ба сомонаҳои иттилоърасонии додгоҳҳои вилояти Суғд ва шаҳрҳои Ваҳдату Роғун имконпазир нест.

Бар асоси ин гузориш, мушкили дигар дар мавриди дастрасӣ ба иттилоот дар бораи ҳукмҳои содиршуда дар додгоҳҳои Тоҷикистон ин аст, ки бо баҳонаи маҳрамона будани парвандаҳо ҳеҷ ахборе дар ин замина мунташир намешавад, то дар дастраси матбуот ва расонаҳои хабаре қарор гирад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Ватан Абдураҳмонов, додраси бознишаста, ба ғайр аз иттилооти марбут ба парвандаҳои дорои асрори давлатӣ набояд дар бораи дигар парвандаҳо маҳдудияти иттилоърасонӣ вуҷуд дошта бошад.