Эҷоди шуғл барои 37 дарсад аз мутақозиёни кор дар Тоҷикистон
(last modified 2018-05-30T04:25:15+00:00 )
Май 30, 2018 09:25 Asia/Dushanbe
  • Эҷоди шуғл барои 37 дарсад аз мутақозиёни кор дар Тоҷикистон

Ожонси давлатии кор ва умури иҷтимоии Тоҷикистон эълом кард, тайи 4 моҳи нахусти соли ҷорӣ барои 18 ҳазору 900 нафар аз дархосткунандагони кор дар ин кишвар шуғл пайдо кардааст.

Ба гузориши хабаргузории “Тоҷикта”, тайи ин муддат 50 ҳазору 800 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои пайдо кардани кор ба идороти ин ниҳоди давлатӣ муроҷиа кардаанд, ки беш аз 37 дарсад аз онон (18 ҳазору 900 нафар) соҳиби шуғл шудаанд.

 Ҳамчунин 21 ҳазору 74 нафар аз шаҳрвандоне, ки ба намояндагиҳои Ожонси давлатии кор ва умури иҷтимоии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, ба таври расмӣ ба унвони афроди бекор сабти ном шудаанд.

 Ба гуфтаи кормандони ин ниҳод, сабаби аслии таъмин нашудани кор барои бисёре аз шаҳрвандони ҷӯёи шуғл тайи ин муддат, надоштани дониши фаннӣ ва ҳирфаии ин афрод будааст.

Аз сӯйи дигар, шаҳрвандони ҷӯёи кори Тоҷикистон маошу дастмузди пешниҳодии корфармоёнро ночиз медонанд ва ҳозир ба фаъолият дар ширкатҳо ва марокизи тиҷории бахши хусусӣ намешаванд.

Бар асоси омори афроди ҷӯёи кор дар соли ҷорӣ ва мутақозиёни шуғл дар соли 2017, акнун беш аз 83 ҳазор нафар дар Тоҷикистон ба унвони шаҳрвандоне сабти ном шудаанд, ки ба дунболи пайдо кардани кори муносиб ҳастанд.

Раҳмон Ӯлмасов, коршиноси умури иҷтимоӣ мегӯяд, ҳамасола 170 ҳазор нафар ба бозори кори Тоҷикистон изофа мешаванд, ки теъдоди қобили таваҷҷуҳе аз ин афрод ба сабаби ночиз будани маошу дастмуздҳо, муҳоҷират ба Русия ва кор дар ин кишварро тарҷеҳ медиҳанд.