Май 30, 2018 16:09 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши боҷи гумрукии воридоту содироти ҷавоҳирот дар Тоҷикистон

Парлумони Тоҷикистон бо ислоҳи қонун, боҷи гумрукӣ барои воридот ва содироти ҷавоҳирот ба ин кишварро коҳиш дод.  

Ба нақл аз Форс, Парлумони Тоҷикистон бо ислоҳи қавонини гумрукии ин кишвар боҷ барои воридот ва содироти ҷавоҳиротро коҳиш дод.  

Воридкунандагони маҳсулот аз ин ба пас ба ҷои пардохти андоз бар арзиши афзуда ва боҷи гумрукӣ танҳо барои ҳар як грам тилло 2 доллар ва нуқра 0.4 доллар пардохт хоҳанд кард.  

Дар қонуни кунунӣ барои воридоти нуқра ва тилло тоҷирон бояд 42 дарсади қиммати онро ба унвони боҷи гумрукӣ ва андоз бар арзиши афзуда пардохт кунанд.