Арзиши доллар дар Тоҷикистон аз 9 сомонӣ гузашт
(last modified Thu, 31 May 2018 08:09:08 GMT )
Май 31, 2018 13:09 Asia/Dushanbe
  • Арзиши доллар дар Тоҷикистон аз 9 сомонӣ гузашт

Арзиши доллар дар Тоҷикистон ба беш аз 9 сомонӣ афзоиш ёфт.  

Ба нақл аз сайти Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз арзиши доллар дар ин кишвар ба 9.0114 сомонӣ афзоиш ёфт.  

Ҳарчанд саррофони ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон ҳар долларро ба беш аз 9 сомониву 20 дирам харидорӣ мекарданд, аммо нахустин бор аст, ки арзиши расмии доллар беш аз 9 сомонӣ эълом мешавад.