Роҳандозии нахустин муҳити орӣ аз тамоку дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i34978-Роҳандозии_нахустин_муҳити_орӣ_аз_тамоку_дар_Тоҷикистон
Нахустин муҳити орӣ аз тамоку дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 01, 2018 12:38 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии нахустин муҳити орӣ аз тамоку дар Тоҷикистон

Нахустин муҳити орӣ аз тамоку дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.

Ба гузориш дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, бинои марказии ин вазорат ба унвони нахустин муҳити орӣ аз тамоку дар Тоҷикистон муаррифӣ шудааст.

Ба ҳамин муносибат маросиме дар ин макон баргузор ва дар он бандҳои қонуни маҳдудсозии истифода аз тамоку ташреҳ шуд.

Қонуни маҳдудсозии истифода аз тамоку дар рӯзи дувуми январи имсол бо фармони Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷроӣ шуд.

Бар асоси ин қонун, истеъмоли анвои тамоку, шомили сигор, қалён, нос ва сигорҳои электроникӣ дар муҳавватаҳо ва муҳитҳои мутааллиқ ба сохторҳои беҳдоштӣ, ҳифзи иҷтимоии мардум, фарҳанг, варзиш, ҷаҳонгардӣ, омӯзишу парвариш, биноҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ, тарабхонаҳо, чойхонаҳо, қаҳвахонаҳо, меҳмонхонаҳо ва хобгоҳҳо мамнӯъ аст.

Қонуни маҳдудсозии истифода аз тамоку истифода аз анвои он дар баъзе маконҳои умумӣ ва васоили нақлия дар Тоҷикистонро маҳдуд ё мамнӯъ эълом кардааст.