Имзои се санади ҳамкорӣ дар поёни боздиди Медведов аз Тоҷикистон
Дар поёни сафари расмии Димитрий Медведов нахуствазири Русия ба Тоҷикистон миёни ду кишвар се санади ҳамкорӣ ба имзои тарафҳо расид.
Ба гузориши хабаргузории Форс дар Душанбе, ин се тавофуқномаи байнидавлатӣ дар мавриди амалкарди мактаби умумии русизабони шумораи 7 шаҳри Кулоб, ёддошти ҳусни ният ва ҳамкорӣ миёни Кумитаи давлатии мудирияти замин ва заминшиносии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии картографии Русия ва ҳамчунин ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар заминаи сиёсати зиддиинҳисорӣ байни Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ва Хадамоти зиддиинҳисории Русия ба имзо расид.
Қоҳир Расулзода нахуствазири Тоҷикистон дар поёни мулоқот бо ҳамтои руси худ, Маскавро яке аз муҳимтарин ва аслитарин шаркони тиҷории Тоҷикистон унвон кард.
Вай дар идомаи суханони худ аз вуҷуди зарфияти бузурге ҷиҳати афзоиши шохисҳои тиҷорӣ ва иқтисодии миёни ду кишвар ибрози итминон кард.
Расулзода изҳор дошт, дар ҷараёни дидор бо Медведов масоили марбут ба иқомати муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар қаламрави Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба таври хос тарафҳо иқдомоти баъдӣ дар хусуси баррасии масоили марбут ба афзоиши муддати сабти номи шаҳрвандони Тоҷикистон, осонсозии шароит ва муддати дарёфти муҷаввизи фаъолият ва ҳамчунин вазъияти ҳуқуқии аъзои хонаводаи муҳоҷирони корӣ ва донишҷӯёни тоҷики машғул ба таҳсил дар Русияро мушаххас карданд.
Тоҷикистон ва Русия дар соли 1992 равобити дипломатӣ барқарор ва то кунун миёни ду кишвар ҳудуди 300 тавофуқномаи байнидавлатӣ ва байниниҳодӣ, ки ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ ва фаннӣ, фарҳангӣ ва инсонӣ ва соири ҳавзаҳоро танзим мекунад, ба имзо расидааст.
Беш аз 300 ширкати муштараки Русия ва Тоҷикистон дар ҳавзаи энержӣ, маъдан, сохтмон ва тиҷорат дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият мекунанд.