Сентябр 03, 2016 19:11 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон аз шеваи низоми таҳсилии Шуравӣ даст мекашад

Тоҷикистон дар соли таҳсилии ҷадид, низоми ҷадиди омӯзишӣ дар синфҳои ибтидоӣ ба кор гирифта ва шеваи қаблие, ки баргирафта аз системаи Шуравии собиқ бударо бармечинад.

Латофат Назирӣ- муовини Вазири маориф ва улуми Тоҷикистон гуфт, барои роҳандозии ин шеваи таълимии ҷадид, омӯзгорон дар се моҳи таътилии тобистон давраҳои омӯзиширо фаро гирифтанд ва аз соли ҷадид, равиши ҷадиди таҳсилии кайфие, ки барграфта аз мадориси ғарбӣ аст, ҷойгузин шеваи қаблӣ хоҳад шуд.

Вай гуфт, муаллиммеҳварӣ дар мадориси Тоҷикистон як шеваи маъмул буд, аммо дар шеваи ҷадид донишомӯз дар равишҳои омӯзишӣ мушорикати зиёде хоҳад дошт ва мадраса ҳолати демократӣ ба худ хоҳад гирифт. Масъулони Вазорати улум ва маорифи Тоҷикистон мегӯянд, шеваи ҷадиди тадрис бар пояи равиши омӯзиши Амрико таҳия шудааст ва ба донишомӯзон имкон медиҳад, бо равишҳои саргармкунанда ва тафреҳӣ омӯзишро фаро гирифта ва ҳамчунин ба сурати гурӯҳӣ ба ҳалли масъала ва анҷоми таклифҳои дарсӣ, машғул шаванд ва дар маҷмӯъ ба донишомӯз меҳвари таваҷҷӯҳ мешавад.

Дар ин равиши таҳсилӣ, ба ҷои ҳифз кардани дарсҳо, дарк ва фаҳми мавзӯи дарсӣ муҳим аст. Вазорати маориф ва улуми Тоҷикистон ин усули ҷадид таълимиро соли гузашта ба сурати озмоишӣ дар 55 мадрасаи ин кишвар иҷро кард ва бо таваҷҷӯҳ ба эъломи натиҷаи муносиб тасмим гирифта шуд, ки дар соли ҷории таҳсилӣ дар ҳамаи мадорис иҷро ва дар соли оянда ҳам дар мақотеи болотар иҷроӣ мешавад. Соли таҳсилии ҷадид дар Тоҷикистон аз ибтидои моҳ сентябр (панҷшанбеи ҳафтаи гузашта) оғоз шуд.

 

Барчасп