Ихроҷи садҳо коргари муҳоҷири тоҷик аз Русия дар остонаи мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонӣ
(last modified Sat, 02 Jun 2018 04:45:19 GMT )
Июн 02, 2018 09:45 Asia/Dushanbe
  • Ихроҷи садҳо коргари муҳоҷири тоҷик аз Русия дар остонаи мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонӣ

Мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия мегӯяд, тайи моҳи майи соли ҷорӣ наздик ба 300 тоҷик маҷбур шудаанд, ки хоки Русияро тарк кунанд.

Ба гузориши сомонаи “Топ.Тҷ”, Каримҷон Ёров гуфтааст, корфармоёни русӣ таҳти фишори ҳукумати Русия дар остонаи баргузории мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии Футбол - 2018 дар 11 шаҳри ин кишвар, созишномаи ҳамкорӣ бо коргарони муҳоҷири тоҷикистониро тамдид накардаанд.

Ин мавзуъ боиси баргашти иҷбории ин коргарон ба Тоҷикистон шудааст.

Мақомоти амниятии Русия таҳқиқу баррасӣ аз корхонаҳо ва ширкатҳои русиро, ки коргари муҳоҷири хориҷӣ доранд, сахттар кардаанд ва корфармоён низ аз тамдиди муҷаввизи кори ин афрод ба баҳонаи баргузории мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии Футбол - 2018 худдорӣ мекунанд.

Ба гуфтаи Ёров, ҳар рӯз беш аз 15 нафар бо тамос гирифтан бо дафтари созмони мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ, аз боздошти худ хабар медиҳанд.

Вай ҳадаф аз ин иқдомро ихроҷи ин афрод аз хоки Русия дар остонаи баргузории бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии Футбол - 2018 дар 11 шаҳри ин кишвар медонад.

Ба далели сахттар шудани фишор бар корфармоёни русӣ, теъдоде аз онон аз коргарони муҳоҷири фаъол дар корхонаҳо ва ширкатҳо дархост кардаанд то поёни ин мусобиқот ба Тоҷикистон баргарданд.

Мақомоти Идораи муҳоҷирати вобаста ба Вазорати дохилии Русия теъдоди коргарони муҳоҷири тоҷик дар ин кишварро як миллион нафар баршумурдаанд.

Аммо созмонҳои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия эълом кардаанд, теъдоди ин афрод байни як миллиону 500 ҳазор то ду миллион нафар аст.