Июн 02, 2018 14:29 Asia/Dushanbe
  • Фурӯ рехтани бахше аз шоҳроҳи Душанбе -Хуҷанд

35 метр аз шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ бомдоди имрӯз дар километри 138-уми ин шоҳроҳ ба таври ногаҳонӣ дар замин фурӯ рафт.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, ширкати масъули ҳифз ва нигаҳдории ин шоҳроҳ хабар додааст, дар канори қисмати фурӯрафта як масири муваққатӣ боз карда ва амалиёти тармими комили бахши осебдида ва бозкушоии масири аслӣ идома дорад.

 Далери Абдуллоҳ, сухангӯи ширкати ёдшуда гуфт: “Бо вуҷуди ин ки ин иттифоқ пас аз нимашаб рух дод, фавран барои рафъи он иқдом кардем ва ҳамкорони мо бо заҳмати фаровон роҳи дигаре дар канори масири вайроншуда боз карданд ва дар ҳоли ҳозир кор ҳамчунон идома дорад ва ин иттифоқ хушбахтона садамоти ҷоние дар пай надоштааст”.

Шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ танҳо роҳи иртиботӣ байни вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон бо дигар роҳҳои кишвар, аз ҷумла бо пойтахт - шаҳри Душанбе ба шумор меравад.