Шикоят аз  полис боиси ихроҷи коргари муҳоҷири тоҷик аз Русия шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i35072-Шикоят_аз_полис_боиси_ихроҷи_коргари_муҳоҷири_тоҷик_аз_Русия_шуд
Як коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ, ки аз хушунат ва боздошти ғайриқонунии кормандони полиси шаҳри Дзержиинский шикоят карда буд, аз сӯи додгоҳи маҳаллӣ маҳкум ба ихроҷ аз хоки Русия шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 03, 2018 05:33 Asia/Dushanbe
  • Шикоят аз  полис боиси ихроҷи коргари муҳоҷири тоҷик аз Русия шуд

Як коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ, ки аз хушунат ва боздошти ғайриқонунии кормандони полиси шаҳри Дзержиинский шикоят карда буд, аз сӯи додгоҳи маҳаллӣ маҳкум ба ихроҷ аз хоки Русия шудааст.

Ба гузориши сомонаи Кумита зидди шиканҷаи Русия, дар таърихи 23 апрели соли ҷорӣ, полиси Дзержиинский бидуни ҳеҷ далеле Фахриддин Тағоймурдов шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт ва мавриди шиканҷа қарор доданд.

Аммо рӯзи баъд вайро бидуни санаду мадрак ва ҳатто эъломи далели боздошт, озод карданд.

Пас аз шикояти ин шаҳрванди Тоҷикистон ба Кумитаи зидди шиканҷаи Русия, пас аз як моҳ, додгоҳи маҳаллӣ ба иттиҳоми нақзи қонуни иқомат ва эҷоди сару садо дар хиёбон ва халалдор кардани назми умумӣ, ҳукми ихроҷи Фахриддин Тағоймурдовро содир кард.

Петр Хромов ҳуқуқдони Кумитаи зидди шиканҷаи Русия гуфтааст, кормандони полиси шаҳри Дзержиинский пас аз дархости додгоҳи маҳаллӣ, як моҳ дар пайи таҳияи мадрак ва муттаҳам кардани ин шаҳрванди Тоҷикистон ба нақзи қонуни иқомат дар Русия будаанд ва ба консулгарии Тоҷикистон дар мавриди боздошти вай низ хабар надодаанд.

Ҳамчунин ба ин шаҳрванди Тоҷикистон иҷоза надодаанд, ки аз вакили мудофеъ ҳангоми боздошти худ истифода кунад.

Аз ин рӯ дар ҳукми ихроҷи вай аз Русия мушкилоти ҳуқуқии зиёде вуҷуд дорад ва ин моҷаро дар додгоҳи таҷдиди назар мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.