Июн 04, 2018 18:10 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими солгарди реҳлати имом Хумайнӣ (р) дар Тоҷикистон

Дар маҳалли сафорати ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон маросими гиромидошти солгарди реҳлати имом Хумайнӣ (р) ва бузургдошти нахустин шаб аз шабҳое, ки гумон меравад шаби қадр бошад, баргузор шуд.  

Ба нақл аз Форс, эрониёни муқими Тоҷикистон, дипломатҳо ва коркунони сафорати ҷумҳурии исломии Эрон дар душанбе дар маросими бошукӯҳе ба муносибати шаби зарбат хурдани ҳазрати Алӣ ибни Абутолиб (а) ва бисту нуҳумин солгарди реҳлати имом Хумайнӣ (р) дар намозхонаи сафорати Эрон дар Душанбе ширкат карданд.

Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар ин маросим гуфт: Моҳи хурдод барои эрониён аз назари иҷтимоӣ ҳамеша моҳе сарнавиштсоз ва таърихӣ буда ва бо номи имом Хумайнӣ (р) ва наҳзати инқилоби исломӣ гиреҳ хурдааст.